Иттиҳодияҳои методӣ

Ҳар ки бо забони худ сухандон гардад...
Ҷузъи ногусастании ҳаёт - технологияи муосир...
Ҷустуҷў дар олами моддаву молекулаҳо...
Пайгирии дигар иттиҳодияҳо...

ҳадафи мо

Фароҳам овардани шароити мусоид ба ҳама хонандагон барои ташаккули шахсияти ватандӯсту арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ, омода ба омӯзиш ва рушди пайваста, амаликунандаи малакаву маҳорати худ дар ҷаҳони босуръат тағйирёбанда, ташаббускору созанда ва қобили дарёфти ҳалли муносиб ба мушкилоти гуногун.

Андарз - омўзиш, эҷод ва рушди пайваста!

ҶДММ “АНДАРЗ”

ҶДММ “АНДАРЗ” ҳамчун муассиси Муассисаи таълимии хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ” соли 2016 ба фаъолият оғоз кард. ҶДММ “АНДАРЗ” аз соли 2023 доираи фаъолиятро васеъ намуда, иловатан хизматрасониро дар самтҳои зерин ҳам ба роҳ мондааст:
-ташкил ва гузаронидани тренинг ва семинарҳои фанниву тахассусӣ дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (мактабҳое, ки таълимашон бо забони англисӣ аст);
-расонидани ёрии методӣ ба мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва омӯзгорони МТМУ (мактабҳое, ки таълимашон бо забони англисӣ аст) – ба шакли иштирок ба машғулиятҳову дарсҳо ва дар натиҷаи таҳлили онҳо расонидани ёрии методӣ (аз ҷумла ба шакли ташкил кардани тренинг ва семинарҳо);
-таълифи китобҳои дарсӣ (фанҳои дақиқ бо забони англисӣ) ва бадеиву илмии бачагона;
-ташкили омодагӣ ва баргузории озмун ва олимпиадаҳои фаннӣ (бештар фанҳои дақиқ-дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ) ва лоиҳавӣ(дар сатҳи маҳаллӣ ва байналмилалӣ).
Таҷрибаҳои бою рангин ва мубодилаи онҳо - заминаи ҳамкории созанда

Семинари илмӣ ва методӣ барои омӯзгорон дар соли таҳсили 2024-2025

Семинар барои ёрии методӣ ва педагогӣ-психологӣ расонидан ба омӯзгорони ташнаи пешрафту такмил баргузор мегардад. Мутахассисони ватаниву хориҷии соҳаи таълиму тарбия ва умуман, ашхоси барҷаставу шинохта аз таҷрибаҳои бою рангини худ истифода карда, дар шакли ҷолибу муассир ба иштирокчиён усулҳои ҷолиби тадрис ва фаъолияти касбиро пешниҳод мекунанд. Ҳамчунин, ҳар бегоҳ баъди баргузории семинар машғулиятҳои гуногун, аз ҷумла, фаъолиятҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ баргузор мегардад. Семинар бо мақсади рушди касбии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва мубодилаи таҷрибаи эшон бо ҳамдигар имкони хуб фароҳам меоварад.

Мо бо ҳам фардои насли истиқлолро месозем
Фардои дурахшони миллат бошад, дар дасти омўзгорони мутахассис ва содиқ ба касбу кори хеш аст.
Моро дар шабакаи Инстаграм пайгирӣ кунед
ҶДММ
АНДАРЗ
барои муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои англисӣ тренинг, ёрии методӣ, китобҳои дарсӣ ва озмунҳоро пешниҳод менамояд.
Аз арзу пешниҳодҳои Шумо хушҳол мешавем.
Формаи бақайдгирӣ