Хабарҳо

Cеминари зимистонаи омӯзгорон – 2024. Рӯзи якум

Сеюми январи соли 2024 семинари зимистонаи омӯзгорон дар мактабҳои хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ва “Ҳоризон” оғоз ёфт, ки дар он 250 омӯзгор аз муассисаҳои таълимӣ дар доираи ҳашт фанни таълимӣ иштирок доранд.

Мувофиқи тартиби семинар, ҳар рӯз панҷ нишаст баргузор мегардад, ки ба ҳайси сухангӯён дар баробари коршиносони ҶДММ “Андарз” ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ, мутахассисон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон низ даъват шудаанд.

Семинар дар шакли лексионӣ ва амалӣ баргузор шуда, ҳар рӯз як нишаст ба шакли вебинар сурат мегирад, ки онро аз хориҷи кишвар мутахассисон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Иёлолти Муттаҳидаи Амрико мегузаронанд.

Ёдовар мешавем, ҳадаф аз семинари зимистонаи омӯзгорон, ки аз сеюм то панҷуми январи соли 2024 дар мактабҳои хусусии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ва “Ҳоризон” доир мегардад, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, расонидани ёрии методӣ ба онҳо ва табодули таҷрибаи омӯзгорон ба якдигар мебошад.

НАВИД